Филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи Авруосиё соҳиби ду ҷоиза гардид

Октябрь 22, 2024 14:23

ДУШАНБЕ, 22.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар Театри «Моссовет»-и шаҳри Москва дар чорабинии ҷоизасупории ҷашнвораи Авруосиё филми ҳунарии «Дов» барандаи Дипломи ВАО- «Барои баёни поквиҷдонона ва реалистӣ, ҳамчунин садоқат ба анъанаҳои неки кинои тоҷик» гардид ва ҳамчунин «Беҳтарин нақши мардона» ба Абдумуъмин Шарифӣ барои иҷрои нақши Қаҳҳор дар ин филм дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Коргардони филм Муҳиддини Музаффар дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, ки филми «Дов» дар байни 9 филм соҳиби ду ҷоиза гардид.

«Муаррифии синамои тоҷик ва ғолибият бароямон шараф буд. Хеле муҳим буд дар саҳна садо додани номи Тоҷикистон ва «Тоҷикфилм». Як узви ҳакамон пас аз маросими ҷоизасупорӣ гуфт, ки «мо мехостем ба ин филм ду ҷоизаи мардона диҳем, аммо ба мо чаҳорчӯбаи ҷашнвора имконият надод. Филми шумо сазовори ҷоизаҳои баланд аст»,-навиштааст Муҳиддини Музаффар дар саҳифаи фейсбукиаш.

Дар ин кинофестивал филми «Дов» ҷоизаи 24-уми байналмилалии худро ба даст овард.

Аз 11 то 17 ноябри соли 2024 дар шаҳри Мурманск дар Кинофестивали байналмилалии XVI «Северный характер» дар баробари филмҳои Русия, Норвегия, Шветсия, Финляндия филми «Дов» аз Тоҷикистон низ иштирок менамояд. Дар ин кинофестивал 30 филм пешниҳод мешавад.

19 ноябр дар кинотеатри «delphiLUX»-и шаҳри Берлин филми ҳунарии «Дов» дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Оянда аз имрӯз-Осиёи Марказӣ» намоиш дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки филми «Дов» нахустин лоиҳаи муштараки «Суғдсинамо» бо «Тоҷикфилм» аст. Филм аз 117 дақиқа иборат буда, соли 2022 истеҳсол гардидааст.

Дар саҳнаҳои умумии филм беш аз 5 ҳазор нафар иштирок намудаанд.

Филм бо забони синамо ва рамзҳои хоси санъати тасвир дӯстии ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофотро, ки арзишҳои олами ботинии онҳо бо ҷаҳони берунӣ мувофиқат намекунад, инъикос намудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 22, 2024 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид