ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2024» бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи бозии нимниҳоии мусобиқаи 50-уми байналмилалии «King’s Cup-2024» дар Тайиланд бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ½-ниҳоӣ ба муқобили тими миллии Сурия бо либосҳои сафед бозӣ мекунад.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгкхла баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (14:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд






