Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад

Октябрь 25, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе то 23 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 25, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Гулистон техникаҳои нав супорида шуд
Муқаддас Султонова: «Дар нақши чаканамон табиати зебои Тоҷикистонро тасвир менамоем»
Имсол дар Тоҷикистон дар чанд гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад?
Ҷаласаи 82-юми Шурои маъмурияти роҳҳои оҳани ИДМ дар Душанбе доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ байни наврасон мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
НАВРӮЗ — БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳон бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои тоҷикон бештар шинос мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 19 дараҷа гарм мешавад
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз рафти озодшавии маҳбусоне дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба мақом ва саҳми занон дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад