ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИ БИНОӢ. Дар Тоҷикистон 1800 нафар кӯдакон аз бемории чашм азият мекашанд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола панҷшанбеи дуюми моҳи октябр Рӯзи байналмилалии биноӣ дониста мешавад. Зеро одамон тақрибан 90 фоизи маълумотро ба воситаи чашм қабул мекунанд. Дар ҷаҳон зиёда аз 36 миллион нобиноён сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони нобино ва гирифторони бемориҳои чашм 10 ҳазор нафарро ташакил медиҳанд, ки аз ин 1800 нафарашон кӯдакон мебошанд.
Тибқи таҳлили олимони чинӣ, ҳар сеюмин кӯдаки ҷаҳон аз миопия (наздикбинӣ- беморие, ки дар он ба объектҳои дур ҷойгиршуда диққат додан ғайриимкон аст ва ашёҳои наздик нисбатан равшан ба назар мерасанд) ранҷ мебаранд. Ин навъ беморӣ байни кӯдакон яке аз мушкилоти ҷаҳонии тандурустӣ мебошад, ки то соли 2050 ба миллионҳо кӯдакони дигар таъсир мерасонад.
Олимон ҳушдор медиҳанд, ки нишондиҳандаҳои баландтарин дар Осиё- 85 фоизи кӯдакон, Ҷопон- 73 фоиз, Кореяи Ҷанубӣ- 40 фисад ва сатҳи пасттарини бемории миопия дар Британияи Кабир, Ирландия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- 15 фоиз ба назар мерасанд. Муҳаққиқон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2050 ин беморӣ метавонад ба беш аз нисфи наврасон дар саросари ҷаҳон таъсир расонад.
Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм дар шаҳри Душанбе Саъдулло Мардонов иброз намуд, ки бемории миопия- наздикбинӣ ду намуд мешавад: модарзодӣ ва давоми ҳаёт пайдошуда. Сабаби асосии давоми ҳаёт ба ин беморӣ гирифтор шудани кӯдакон- ин нодуруст истифода бурдани технологияи нав, аз ҷумла телевизор, телефон ва компютер мебошад. Ба ин кӯдакон танҳо истифодаи айнакҳои дурбин тавсия дода мешавад. Ин навъ беморӣ се дараҷа дорад: паст, миёна ва баланди наздикбинӣ.
«Ҳар падару модар кӯдакро то ҳафтсолагияш дар як сол ду маротиба бояд аз муоинаи табиб гузаронад. Дар ҳолати ошкор гардидани ин беморӣ кӯдакон бояд аз айнакҳои наздикбинӣ истифода намоянд. Агар кӯдак айнакро дуруст истифода намояд, то давраи донишҷӯӣ меъёри биноии чашмаш боқӣ мемонад. Вақте айнак нодуруст истифода мешавад ва ё кӯдак аз истифодаи он саркашӣ менамояд, ба дараҷаи миёнаи наздикбинӣ гирифтор мешавад. Баъд аз гузашти солҳо ба дараҷаи баланди он гирифтор шуда, дар чашм доғҳо пайдо мешаванд, ки муоинаи он хеле мушкил ва дуру дароз мебошад»,-афзуд табиб.
Ба нафароне, ки пайваста бо компютер кор мекунанд, маслиҳат дода мешавад, ки дар як сол як маротиба аз назорати духтури чашм гузаранд. Ин гуна шахсон бояд реҷаи кориро риоя кунанд, то биноии чашмашон паст нашавад. Ҳангоми кор бо компютер ҳар нафар бояд аз айнакҳои махсус истифода барад, то нурҳои электромагнитие, ки аз компютер пош мехӯранд, ба чашми онҳо зарар нарасонанд. Ҳамзамон барои пешгирӣ аз бемориҳо дар байни наврасон бояд ташхиси ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Саъдулло Мардонов иброз намуд, ки дар организм нарасидани витаминҳои А ва Е низ сабаби камшавии нури чашм шуда метавонад. Аз ин рӯ, ба нафарони биноии чашмашон паст истеъмоли меваҳое, ки ранги зард доранд, инчунин гӯшт ва равғани моҳию ҷигар, ки аз ин витаминҳо бой мебошанд, тавсия дода мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад






