КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА КАЛИДИ МАЪРИФАТ. Дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид

Октябрь 24, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе дар ҳошияи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия–бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фaзoи зиддикоррупсионии ҷомеа» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он 1600 нафар иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода вобаста ба муҳимияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади тақдирсоз дар ташаккули давлати навини тоҷикон изҳор дошт, ки «ба эҳтирому арҷгузорӣ сазовор будани Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ин санади муҳим дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва дар умум барои зиндагии орому осоиштаи имрӯзаи мо дар ҳақиқат нақши таърихию калидӣ дорад».

Таъкид гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз тавассути ин шиноснома ба хусусияти давлати мо ҳамчун мамлакати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг, забони миллӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, муносибат ба инсону шаҳрванд ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат бо моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода оид ба муҳимияти таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки «дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд. Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад».

Барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳама тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш нишон додани нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фазои зиддикорупсионӣ дар ҷомеа арзёбӣ гардид.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд