Маҳфили тарғиботчиёни ҷавон «Андеша» ба ташаббуси ҳафтуми Президенти Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд нишасти навбатии маҳфили тарғиботчиёни ҷавон «Андеша» доир гардид, ки ба ташаббуси ҳафтуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бахшида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, дар маҳфил беш аз ду ҳазор нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ тариқи ҳузуривӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода ташаббуси навбатии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, хосса устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат мояи ифтихор ва сарбаландӣ номид. Зеро Сарвари давлат яке аз нахустинҳо шуда, байни давлатҳои мамолики дунё ба ин масоили хеле муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ин иқдом давоми мантиқии ташаббусҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди обу иқлим ва самти экология маҳсуб мешавад, ки дар асоси он Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома қабул намудааст.
Иброз гардид, ки шуруъ аз соли 2000-ум бо ташаббусҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории аксарияти давлатҳои ҷаҳон 5 қарордоди муҳим: соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ташаббуси шашуми Президенти Тоҷикистон аз тарафи сарони давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва дастгирӣ хоҳад ёфт. Зеро сулҳ, ваҳдат, якдилӣ ва оромиву осиштагӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ неъматҳои муҳиме ба ҳисоб мераванд, ки миллатҳову давлатҳо ба он ниёзи бештар доранд.
АКС:Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






