МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?

Октябрь 13, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пиёзе, ки дар моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ мегардад, барои захира намудан дар фасли зимистон хеле созгор аст. Барои фасли зимистон пиёз дар сардхонаҳо ва таҳхонаҳо захира карда мешавад. Чунин тавсия медиҳад мудири шуъбаи технологияи муосири сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Зулфиқор Қурбонов.

«Пеш аз он ки ин навъи маҳсулотро захира намоем, онро бояд дар муддати 10-12 рӯз дар Офтоб хушк намуда, аз байнашон пиёзҳои нуқсондорро ҷудо карда, сипас дар борхалтаҳои махсус гирифта захира намоем. Бояд гуфт, ки ҳарорати сардхона бояд 12 дараҷа гармиро ташкил диҳад, зеро бо омадани фасли сармо ҳарорати сардхона поин шуда, ба 3 ё 4 дараҷа гармӣ мерасад. Агар ҳарорат аз ин паст шавад, ин маҳсулотро сармо мезанад»,- афзуд Зулфиқор Қурбонов.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар ноҳияҳои дурдаст сокинон пиёзро дар анборхона ва ё болохона ба таври паҳн намудан захира мекунанд. Дар баъзе минтақаҳои мамлакат солҳои пеш мардуми тоҷик пиёзро бо қисми болоияш, яъне зиёда аз чор пиёзро бо ҳам бофта овезон карда, захира менамуданд. Пиёзи дар фасли тобистон ҷамъоваришуда барои нигоҳдорӣ он қадар устувор нест.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, кишти тирамоҳии пиёзро даҳаи дуюми моҳи сентябр мегузаронанд ва нешзадҳо охирҳои моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр пайдо шуда, то зимистон 8-10 см қад мекашанд. Чунин пиёз дар аввал ва миёнаҳои моҳи май, яъне се моҳ пас аз кишти аввали баҳор мерасад, ки онро пиёзи барвақтӣ меноманд. Барои гирифтани пиёзи сабзи тирамоҳӣ ва аввали баҳорӣ тухмиро моҳи август низ мекоранд. Кишти аввали баҳории пиёзро охири феврал-аввали март мегузаронанд. Ин давраи кишт дар ҷумҳурӣ васеъ паҳн гаштааст. Зеро сабзаҳои пиёз аз намии хок, ки аз тирамоҳ захира шудаанд ва намии аввали баҳор хеле хуб нашъунамо мекунанд.

Тавре олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, дар мавриди дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел кишт кардан ҳосили пиёз кам мешавад. Сабаб дар он аст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар ба бехаш зудтар инкишоф меёбад. Бинобар ин, дар заминҳои дер киштшуда растанӣ суст инкишоф меёбад. Ғайр аз ин, вақте ки бориш кам ва ҳарорат баланд мешавад, нешзанӣ бад мегардад. Пиёзи киштнамудаи аввали баҳор моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад.

Дар таркиби пиёзи бехӣ 14-16 фоиз моддаи хушк, то 7,8-11 фоиз қанд, ба миқдори зиёд витаминҳои А, В,В1,В2,РР мавҷуд аст. Пиёзро ҳамчун хӯрокӣ барои тайёр кардани консерваҳо истифода мебаранд.

Ба тавсияи олимон, дар шароити хона, баъди шудгор (побел) кардан заминро бо каланд нарм намуда, кулӯхҳоро майда карда, заминро ҳамвор кардан зарур аст. Баъд аз ин вобаста ба муҳлати кишт ҷӯякҳоро дар масофаи 45-70 сантимерт мекашанд. Тухмиро ба таври дастӣ ба болои пуштаҳо пошида, коридан лозим аст. Дар вақти пошидани тухмӣ кӯшиш кардан даркор аст, ки тухмӣ ба рӯи замин якхела пош хӯрда, дар як ҷой ғафсу дар ҷои дигар тунук наафтад. Баъд аз коридан тухмии пошидаро бояд бо хаскашак зери хок намоем. Дар вақти бо хаскашак зери хок кардан якбора кулӯхчаҳоеро, ки ҷамъ мешаванд, кӯфта, майда мекунанд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки агар пиёзро бихӯранд, он гиреҳҳоро мекушояд ва иштиҳо ба таомро зиёд месозад. Хусусан агар онро бо гӯшти равғандор пухта бихӯранд, зарари ҳавои вабоӣ ва тоунро дафъ мекунад. Агар хоми онро бо нон бихӯранд, ҳайз ва пешобро равон мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Инчунин онро дар об муҳарро пухта, бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад ва оруғи туршро басанда месозад. Ё ки инро бо чарбу ва дунба пухта бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шушро аз ахлоти часпак пок мекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 13, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
Дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд
Кумаки молиявии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба модари Қобилҷон Алиев
Туҳфаҳои идонаи Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
АЗ ТОҶИКТА ТО АМИТ «ХОВАР». «Ховар» манбаи расмии иттилоот ва тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Конибодом тақдим карда шуд
Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб расонида шуданд