«МАЛИКО, ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД!». Андешаҳо дар хусуси ҷашни Меҳргон

Октябрь 20, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 20.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Меҳргон яке аз маросими аҷдодии мо аст, ки дар оғози фасли тирамоҳ – ҳангоми эътидоли шабу рӯз баргузор мешуд ва давоми таърих, бино бар тафовут дар тақвимҳои гуногун, замони он иваз шудааст. Меҳр ба рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳ аз тақвими хуршедӣ ва моҳи ҳафтуми он гӯянд ва ба ҳам омадани рӯзи Меҳр бо моҳи Меҳрро Меҳргон (аз Меҳр ва пасванди ҷамъбандии -гон) хонанд.

-Аз куҳантарин сарчашмаҳо дар бораи ҷашни Меҳргон “Китоб-ут-тоҷ”-и Ҷоҳиз, “Таърихи Табарӣ”-и тарҷумаи Балъамӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ буда, дар бархе аз матнҳои зардуштӣ ҳам гузоришҳое аз моҳи Меҳр то замони мо расидаанд. Дар осори зардуштӣ Меҳри эзад ва фариштаи муваккили рушанӣ ва паймонҳо ситоишу парастиш шудааст, аз ҷумла дар Меҳряшти Авесто (банди 13) омадааст, ки “Меҳр эзади нигаҳбони фурӯғ ва посдори паймон, нахустин эзадест, ки пеш аз дамидани Хуршед аз кӯҳи Ҳара ба саросари сарзаминҳои эронӣ менигарад” (Авесто, 625).

Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” андешаҳои мухталифу ҷолиберо аз донишмандон ва ашхоси муътабар, ба монанди Салмони Форс, Эроншаҳрӣ, Саид ибни Фазл, Кисравӣ овардааст, ки ривоятҳое ҳастанд дар бораи номи Меҳргон ва пайдоиши ин ҷашн ва фазилатҳои он:

Меҳр номи Офтоб аст “ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд”, ин рӯзро Меҳргон номиданд ва “то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум монанди он ки дар Наврӯз гуфта шуд, ид қарор доданд. Ва барои ҳар табақе панҷ рӯз ид донистанд”.

Рӯзи 16 Меҳрмоҳ, ки меҳррӯз ном дорад, иди Меҳргон баргузор мешавад.

Дар рӯзи 16-уми Меҳрмоҳ, яъне дар Меҳргон “ҳар чизе, ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад”.

Дар ин рӯз Худованд “барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард…, аз нуру зулмат байни Наврӯзу Меҳргон паймон гирифт… ва моҳро, ки курае сиёҳ ва бефурӯғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст ”.

“Ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд”.

Дар рӯзи Меҳргон “ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тирамоҳию зимистонӣ медиҳанд”.

Дар “Таърихи Табарӣ” низ ривояте аз ҷашни Меҳргон ва пайванди он бо пирӯзии Фаридун ва бар тахт нишастанаш омадааст: “Афридун зафар ёфт ва Заҳҳокро бигирифту бикушт ва ҳамон рӯзгор тоҷ бар сари Афридун ниҳода, ҷаҳон бар вай супурд ва он меҳррӯз буд аз меҳрмоҳ ва онро Меҳргон ном карданд ва Афредун ба мулк нишаст” (Таърихи Табарӣ, Фарҳанги Низом).

Шоир Унсурӣ гуфтааст:

Меҳргон омад, гирифта фолаш аз некӣ мисол
Неквақту некҷашну некрӯзу некҳол.

Дар “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ низ ҷашни Меҳргонро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун мансуб дониста, аз ойинҳои кеши ӯ будани Меҳргон таъкид шудааст:

Чунон чун Фаридуни фаррухнажод,
Дар ин Меҳргон тоҷ бар сар ниҳод.

                      ***

Бикард андар он кишвар оташкада,
Бад-ӯ тоза шуд Меҳргону Сада.

                       ***

Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан ойини ӯст.

Дар аксар ривоятҳои ҷойдошта ҷашни Меҳргонро мисли ҷашни Наврӯз ба шоҳони бостон нисбат додаанд ва Рӯдакӣ дар ин маврид гуфта:

Малико ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Манобеи дигаре, ки аз ривоҷи ин ҷашн ва дигар ойинҳо дар замонҳои бостон маълумот медиҳанд, осори тарҷумашудаи бостонии эронӣ ба забони арабӣ дар аҳди хилофати арабҳо мебошад. Яке аз қадимтарин гузориш дар бораи Наврӯз ва Меҳргонро дар асари “Китоб-ут-тоҷ” дармеёбем, ки аз ҷониби дабире дар қарни VIII навишта шудааст ва иштибоҳан онро ба Ҷоҳиз (159/766-255/869) мансуб донистаанд. Маълумоти ин китоб дар бораи вижагиҳои ҷашнҳои бостонии мо хеле ҷолиб ва дар баробари он хеле қадимтар аз маъхазҳои дастрас мебошад. Матн мансуб ба даврони Сосониён аст ва дар он сухан аз ҷашни Наврӯз – эътидоли тобистонӣ ва ҷашни Меҳргон – оғози зимистон рафта, далели рушани вуруди ин ойинҳо ба ҷомеаи қавмҳои мухталифи хилофат аз арзиши байналмилалии ин ҷашнҳо дар замонҳои бостон дарак медиҳад. Дар китоб матни паҳлавӣ бо тарҷумаи арабии он омадааст. Дар боби “Ҳадоёи Наврӯз ва Меҳргон” (dāšnīhā ī mihragān ud nōgrōz) омадааст: “Дар ҷашни Наврӯз ва Меҳргон месазад шоҳ ҳадяҳо бахшад, зеро ду замони (фасли) сол зуҳур меёбад. Меҳргон расидани зимистон ва фасли сард аст ва Наврӯз – навиди оғози фасли гарм. Дар Наврӯз кору назм чандон зиёд аст, ки дар Меҳргон нест: чунонки пазироии сол ва кушодани хироҷ, задани сиккаи дираму динор, гуморидан (таъйин)-и коргарон, покиза кардани оташкадаҳо ва пошидани об ва ниёиш кардан (хондани дуо), бун афкандани хону мон (хонатаконӣ) ва ин аст (тафовути) равиши баргузории Наврӯз аз Меҳргон.

Дар Наврӯз ва Меҳргон ҳадя додани шоҳ суннат аст, ба хурду бузург, бисёр ё андак ва агар аз шоҳ подоше ба даст наовардед, чӣ аз барои бадкорӣ, чӣ аз барои ақибмонӣ бошад… Ардашери Бобакон ва Баҳроми Гӯр ва Хусрави Анӯшервон дар ҷашни Меҳргону Наврӯз суннат аст аз ганҷина баровардани ҳама чиз ба назди шоҳ ва наздикони шоҳ ва бахшидан ба мардумон мувофиқи мартабаашон. Ба рӯзи Меҳргон шоҳ аз ганҷина ҷомаи нав ба бар кунад аз риштаи бофтаи ду пуд (бо тори абрешим ва тори нах) ”…

Суғдиён дар рӯзи дувуми Нимсард (Nēm-sarδ), яъне нимсол пас аз оғози соли нави хуршедӣ – Наврӯз ҷашне доранд бо номи Манядхора (mn‘yd xvāra), ки дар оташкадаҳои худ ҷамъ мешаванд ва хӯроки хоссе мехӯранд, ки аз орди арзан, равғани маска ва шакар таҳия мешавад. Бархе Нимсардро панҷ рӯз пештар, яъне аввалин рӯзи Меҳр баргузор мекарданд, то бо тақвими порсиён мутобиқат кунад.

Аз гузоришҳои кӯтоҳ бармеояд, ки рӯзи 16 – меҳррӯзи моҳи ҳафтуми тақвими шамсӣ – Меҳр (баробар ба 8 октябр) ҷашни Меҳргони хурд ё Меҳргони омма ва рӯзи 21 (ромрӯз)-уми моҳи Меҳр ҷашни Меҳргони бузург ё Меҳргони хосса барпо мешуд, ки минбаъд ин ду ҷашн ягона шудаанд. Вожаи меҳр (Офтоб) дар аҳди бостон исми эзади аҳду паймону рушаноӣ, покиву беолоишӣ ва фаришта буда, реша бар ойини митроизм- меҳрпарастӣ дорад, ки бар пояи парастиши Митро – меҳрпарастӣ то даврони зардуштия бунёд ёфтааст. Ва ин рӯз пирӯзии некӣ бар бадӣ – Фаридун бар Заҳҳок аст ва моҳ рушантару пурҷилотар аз Офтоб шуда, рустаниҳо аз сабзиш мемонанд. Аз фазилатҳои ин ҷашн хӯрдани нону анору ширинӣ (ҳавло аз орди арзану равғану шакар) ва бӯйидани гулоб ва ниҳоли хушбӯй, ба монанди мурд аст, то офати бисёр аз ӯ дур шавад. Инчунин шодмониву сурур ва суруд хондан, додани ҳадяҳо ба якдигар ва шукргузориву ситоиш аз яздони пок рукни муҳимми ин ҷашни бостонӣ аст.

Аз сайри таърихии ойинҳо маълум аст, ки Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии фарҳанги ориёиён аст ва таърихи чандҳазорсола дорад ва давоми таърих бо дину ойин ва фарҳангҳои мардумони мухталиф даромехта, дар худ розу ҳикмати офариниши гетӣ, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва табиат, фалсафаи некӣ ва ҷовидонагиро нигоҳ доштааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон иброз намудаанд, ки “Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад… Аз ин хотир эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус ҷашни Меҳргон арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад”.

Маҳз бо шарофати Истиқлоли Тоҷикистон ва ибтикори Президенти фарҳангсолорамон ин ойини бостонӣ дубора эҳё шуд ва ҷашни он далели ворисони аслии фарҳангу тамаддуни қадимӣ будани мо – тоҷикон аст. Арҷ гузоштан ба ин фарҳангу тамаддуни бостонӣ вазифаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Турост неъмат, парварданӣ ҳаме парвар,
Турост фармон, фармуданӣ ҳаме фармой.

Муборакат бод, ин ҷашни Меҳргони бузург,
Насиби шодӣ аз ин ҷашни баргузар бирабой!

Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 20, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон