«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи энергетика доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи энергетика баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақимоти барқ» ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон доир ба нақш ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ дар рушди мамлакат сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ҳифзи неъмати бебаҳо –арзишҳои Истиқлоли давлатӣ муҳим мебошад. Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то имрӯз идома медиҳад.
Инчунин иштирокдорони ҳамоиш доир ба дастовардҳои соҳаи энергетика дар даврони истиқлоли давлатӣ ибрози назар намуданд. Таъкид шуд, ки рушди энергетика муҳаррики иқтисодиёти мамлакат, омили ғанӣ гардидани буҷети давлат ва тавсеабахши соҳаи саноат мебошад. Иштирокдорони ҳамоиш инчунин бо намоиши дастовардҳои соҳаи энергетика шинос шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як зумра ҷавонон барои саҳми арзанда дар рушди соҳа Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






