Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 45-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии ИДМ суханронӣ намуд

Октябрь 4, 2024 15:38

ДУШАНБЕ, 04.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар толори марказии Намоишгоҳи байналмилалии «Екатеринбург-ЭКСПО» ҷаласаи 45-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 2 октябр ҳайати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси кумита Низом Мирзозода дар ифтитоҳ ва ҷаласаи пленарӣ таҳти унвони «Сохтмони оянда»-и Форум-намоишгоҳи 11-уми байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild, ки дар маркази намоишгоҳи байналмилалии «Екатеринбург-ЭКСПО» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Низом Мирзозода оид ба мавзуи «Истифодаи системаҳои барқии офтобӣ дар бино ва иншоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз рӯи баромади Низом Мирзозода аз ҷониби Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул гардид. Тибқи он, мақомоти давлатии соҳаи меъморӣ ва сохтмонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ ва табодули маълумотро доир ба мавзуи истифодаи системаҳои барқии офтобӣ дар бино ва иншоот бояд пурзӯр намоянд.

Дар ҷаласа 14 мавзуи муҳими соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид. Яке аз онҳо иҷрои Қарори Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи иқтисодиёт дар солҳои 2018-2023 мебошад.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 4, 2024 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад