Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии муаррифии гузориши Индекси Глобалии Инноватсия дар Остона иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши минтақавии муаррифии гузориши Индекси Глобалии Инноватсия дар соли 2024 барои давлатҳои Осиё баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони минтақа ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода дар бораи вазъи кунунии фаъолияти инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ, нақшаҳо ва вазифаҳои дарпешистода барои рушди соҳа дар мамлакат маълумот дод.
Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи инноватсия дар мамлакат, аз ҷумла ба ташаккули низоми муассири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, баровардани маҳсулоти инноватсионӣ ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ, ивазкунии воридот, бунёди инфрасохтори рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва тиҷорат, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар доираи ҳамоиш вохӯрии дуҷонибаи директори муассиса бо роҳбари сохтори моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






