Неругоҳҳои «Норак» ва «Бойғозӣ» ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мебошанд

Октябрь 8, 2024 13:00

НОРАК, 08.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар гидроагрегати ҳафтуми Неругоҳи барқи обии «Норак» корҳои навсозӣ идома дошта, мувофиқи нақшаи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» давра ба давра гидроагрегатҳои ин неругоҳи таърихӣ пурра навсозӣ мегарданд.

Тавре сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар айни замон мутахассисони неругоҳ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва барои дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат таҷҳизотро таъмири ҷорӣ менамоянд.

То имрӯз мутахассисони ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон корҳои муҳим, аз ҷумла захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизелгенераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойро ба анҷом расонидаанд. Ҳамзамон паси девори муҳофизатии бинои зилзиласанҷиро аз сангрезаҳо тоза намуда, боми бинои хоҷагии нақлиёти автомобилию бинои ДТК-500 кВ –ро таъмир кардаанд.

Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Мутахассиси неругоҳи «Бойғозӣ» Фахриддин Ятимов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор карда шуд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, ҳар ҳафта дизелгенератор ва бензогенераторҳои корхона аз санҷиш гузаронида мешаванд. Ҳоло онҳо дар ҳолати дурусти техникӣ қарор дошта, ба гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.

Ҳамчунин боми бинои нигаҳдории сӯзишворӣ таъмир гардида, барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ маводи зиддилағжиш ва намак, сӯзишвории дизелӣ ва бензин захира карда шудааст. Техникаҳои неругоҳ дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 8, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд