Омилҳо ва тамоюлҳои рушди соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуданд

Октябрь 15, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусиро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун яке аз воситаҳои калидии расидан ба ҳадафҳои миллии мамлакат муайян намудааст. Дар ин раванд саҳми фаъолияти соҳибкорӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, афзоиши шуғл ва тақвияти истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Чунин иброз гардид дар конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ», ки дар Душанбе баргузор шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронси байналмилалӣ дар доираи «Ҳафтаи соҳибкорӣ» дар Тоҷикистон

гузаронида шуда, дар он рушди соҳибкорӣ, омилҳо ва тамоюлҳои ин раванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС:Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

Октябрь 15, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд