Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешаванд

Октябрь 15, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 16 октябр, соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар майдони 800-солагии Москва пешниҳоди тамошобинон ва меҳмонон гардонида мешавад.

Дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазирони фарҳанги ду давлат доир мешавад.

Инчунин ҳайати расмӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит»-ро тамошо мекунад. Ҳамзамон меҳмонон ба шаҳри Норак сафар намуда, бо «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд. Инчунин ҳайати ҳунарии рӯзҳо ба шаҳри Турсунзода сафар намуда, «Боғи ангур»-ро тамошо мекунад.

17-18 октябр, соати 18:30 барномаи фарҳангии аҳли ҳунари Давлати Қатар пешкаши тамошобинон мегардад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо Давлати Қатар 13 декабри соли 1994 робитаҳои дипломатиро оғоз намуда, то имрӯз марҳалаҳои гуногуни рушди дуҷонибаро тай намудаанд. Фаъолияти Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2012 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа моҳи майи соли 2013 ифтитоҳ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 зимни суҳбат бо рӯзноманигорони қатарӣ, ки муҳтавои он дар рӯзномаи «Аш-Шарқ»-и Давлати Қатар ба чоп расид, доир ба таҳкими муносибати ду давлат бо қаноатмандӣ чунин иброз намуданд: «Мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунии таърихӣ ва усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоем. Бо саъю талошҳои муштарак то имрӯз механизми ҳамкории тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтааст».

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад