Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 17, 2024 18:58

 ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Қатар баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барпошавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо, ки имсол 30 сол аз он пур мешавад, ёдовар шуда, робитаҳои фарҳангиро яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳамкорӣ номиданд.

Ҷонибҳо баргузории рӯзҳои фарҳанги Қатар дар Тоҷикистонро  омили таҳкимбахши риштаҳои дӯстиву рафоқат арзёбӣ намуданд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилотӣ ва пажуҳишии фарҳангӣ, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилотии донишҷӯён дар муассисаҳои омӯзишии ду кишвар ва таҳияи филмҳои муштарак аз мавзуъҳои суҳбат буд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Октябрь 17, 2024 18:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон