Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия Прабово Субианто барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Прабово Субианто барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Индонезия ва оғози расмии фаъолиятатон дар ин маснади олӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.
Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии бардавом ва комёбиҳо дар роҳи татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати рушди беш аз пеши Индонезияи дӯст, ба мардуми кишваратон сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.
Мо ба дурнамои робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон назари некбинона дорем.
Омодаем, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн пайгирона саъйю талош варзем. Ба ин манзур аҳаммияти идомаи муколамаи созандаи байнидавлатиамонро дар сатҳи олӣ ва баланд таъкид карданиам.
Бовар дорам, ки мулоқотҳои мо дар оянда боз як қадами устувори ҷонибҳо дар самти баҳрабардории бештар аз имкониятҳои фарохи ҳамкории дуҷонибаи кишварҳоямон хоҳанд шуд».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






