Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир мулоқот намуданд

Октябрь 2, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо муассисаи бонуфузи мададрасон баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон номида, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамкории кишвари мо ва Фонди Қатар оид ба рушд ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт.

Ҷонибҳо оид ба сармоягузории Қатар ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули андеша намуданд.

Ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, таъсиси корхонаҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ва оби мусаффои ошомиданӣ ба Қатар аз мавзуъҳои суҳбат буд.

Аз иштироки сармоягузорони қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои таҳкиму тавсеаи зерсохтори сайёҳӣ ва саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон истиқбол карда шуд.

Таъкид гардид, ки таъсиси «Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ» бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки  Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.

Тарафҳо ҳамчунин оид ба дигар самтҳои ҳамкории ояндадор гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Мулоқот бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатарӣ оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир 02.10.2024

Октябрь 2, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд