Шабакаи энергетикии Куба дубора аз фаъолият монд
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаи энергетикии Куба, ки рӯзи ҷумъа пурра қатъ шуда, охири ҳафта қисман барқарор гардида буд, дубора аз фаъолият монд, хабар медиҳад РИА «Новости» бо истинод ба Вазорати энергетика ва истихроҷи кӯҳии ин ҷазира.
«Корҳои барқарорсозии он фавран оғоз гардиданд», — гуфта шудааст дар иттилоияи вазорат дар Х.
Рӯзи ҷумъа ҳукумати Куба хабар дод, ки аз кор мондани неругоҳи гармидиҳии Антонио Гуйтерас дар Куба дар Матансас боиси қатъи пурраи шабакаи барқии ин кишвар гардидааст. Корҳои таъмирӣ рӯзи шанбе натиҷа надоданд — интиқоли қисман барқароршудаи неруи барқ дубора қатъ шуд. Пас аз ин мақомот якчанд иншоотеро, ки қувваи механикиро ба қувваи электрикӣ мегардонанд, ба кор андохтанд ва ба муддати кӯтоҳ тавонистанд онҳоро дар саросари ҷазира ҳамчун низоми корӣ муттаҳид кунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






