Ширкати «Moody’s Investors Service» рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро баланд бардошт

Октябрь 1, 2024 18:39

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат аз дараҷаи «B3» бо дурнамои «устувор» ба дараҷаи «B3» бо дурнамои «мусбат» баланд бардошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ба болоравии рейтинг омилҳои рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд Тоҷикистон уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиши фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои берунӣ дар солҳои охир, маблағгузории иловагии имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти миёнамуҳлати лоиҳаҳои муҳими давлатӣ мусоидат намуданд.

Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, рейтинги қарзии давлатҳо ва таҳлили хавфҳои онҳоро муайян мекунад. Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги қарзии соҳибихтиёрӣ яке аз талаботи асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя маҳсуб мешавад. Он дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилоти молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат мегузорад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 1, 2024 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст