СИТРУСПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд. Бунёди ин боғҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирифта шудааст. Ин матлабро профессор Саидалӣ Гулов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд.
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ боғҳои ситрусӣ 438 гектарро ташкил медиҳанд. Ин гуна боғҳо дар гармхонаҳо, хандақҳо ва нимхандақҳо бунёд шудаанд. Мо бояд аз захираҳои беҳамто, иқлим, хоку об ва неруи пуриқтидори истеҳсолии мамлакат ба таври зарурӣ истифода барем. Дар истеҳсолоти кишоварзии имрӯза яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ ситруспарварӣ ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи мутахассиси соҳа, ба парвариши меваҳои растаниҳои ситрусӣ, хусусан дар хандақ аз солҳои 30-юми асри гузашта олимони Тоҷикистон асос гузошта буданд. Баъдан ин усули парвариши растаниҳои ситрусӣ дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ривоҷ ёфт. Олимони тоҷик бунёдгузори усули дар хандақҳо парвариш кардани растаниҳои ситрусӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Инчунин минтақа, хок ва обу ҳавои Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои парвариши меваҳои ситрусӣ созгор мебошад.
Дар Тоҷикистон водии Вахшу Ҳисор ва митақаҳои Кӯлоб, хусусан ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Муъминобод барои парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ мебошанд. Зеро тобистони ин ноҳияҳо сард ва дуру дароз нест.
Мушкилоти асосӣ барои рушди соҳа ин аст, ки парвариши ин навъҳо нигоҳубин ва таваҷҷуҳи махсус талаб менамояд. Растаниҳои ситрусӣ рӯшноидӯст ва гармидӯст буда, ба хунукӣ тобовар нестанд.
Саидалӣ Гулов иброз намуд, ки Тоҷикистон ватани меваҳои субтропикӣ аст. Бояд кишоварзон аз имконияти мавҷуда самаранок истифода намуда, ба боло бурдани ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулот мусоидат намоянд. Меваҳои ситрусие, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбанд, аз ҷиҳати маззаю хушбӯӣ ва сифат дар ҷаҳон ҳамто надоранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ






