Сокинони деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ соҳиби манзилҳои нав шуданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 оилаи деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ, ки хонаҳояшон бар асари омадани сел хароб гардида буд, соҳиби манзилҳои нав шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Барои сохтмони 15 хонаи истиқоматӣ ба ҳар хоҷагӣ 3,5 садяк замин ҷудо карда шуд. Ҳар манзили истиқоматӣ дорои долон, меҳмонхона, хонаи хоб, хонаи кӯдакон, ошхона, ҳаммом буда, бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин мебошад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Искодар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 15 хонаи 4- ҳуҷрагӣ аз рӯи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Дар муддати кӯтоҳ хати алоҳидаи барқ ва хати оби нӯшокӣ насб гардида, роҳҳои нақлиёт ва пиёдагард асфалтпӯш карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари офати табиии сел, ки 13 июли соли 2024 дар деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба амал омад, 53 бинои истиқоматӣ зарур дид.
Аз ҷумла, 7 хона, 38 бинои ёрирасон, як бинои мактаб, 26 километр роҳи мошингард, 88 километр хати барқ, 15,5 километр хати интиқоли об ва заҳбурҳо, 18,93 гектар замини кишт пурра ва 8 хона қисман хароб гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






