СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия барои шакл гирифтани ҷомеаи шаҳрвандӣ асоси устувор гузоштааст
ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ба мо имконият фароҳам овард, ки дар идоракунии давлатӣ иштирок намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳоямон кафолат дошта бошем. Дар радифи таъмини имконияти баробари ҳар шахс барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат таъмин намудани идомаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа яке аз хусусиятҳои муҳимми Конститутсия мебошад, ки ҷавҳари онро озодии сухан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ташкил медиҳад.
Конститутсия барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои он фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки «Конститутсия барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асосҳои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарурӣ, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёдии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд».
Албатта, эҳтиром ба қонун, ба арзишҳои олии инсондӯстона, ба муқаддасоти миллӣ ва анъанавӣ, ки таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва дигар навъҳои зоҳирёбии истеъдоди инсониро кафолат медиҳад, аз комёбиҳои умдатарини Конститутсия дар роҳи эъмори ҷомеи шаҳрвандии дорои хусусияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро эълон намуда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф накардааст (моддаи 8). Ҳамин аст, ки Конститутсия озодии эътиқод ва озодии виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намуда, нуктаи муҳим ва марказии ин озодӣ эътирофи ҳаққи инсонҳо ба ҳамин арзишҳо буда, ҳукми ихтиёр ва ҷонибдорӣ кори шахсии ҳар фард аст.
Маҳз ба ҳамин хотир дар Конститутсия таъкид гардидааст, ки «ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд» (моддаи 26).
Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид (моддаи 84). Ҳамзамон бо ин маҳз Конститутсияи мамлакат риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дода шуд (моддаи 14).
Дар робита ба ин ҳаминро бояд гӯем, ки Президенти мамлакат дар суханронияшон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки «шарти муҳимми ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, устувор гардонидани низоми қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат аз замони қабули Конститутсия то ин дам дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои зиёдеро анҷом дода, ба таъмини суботу оромӣ ва муътадил гардонидани вазъи ҷинояткорӣ дар мамлакат муваффақ шудаанд».
Дигар вазифаи муҳимми Конститутсия муайян намудани асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа, яъне таъмини истиқлолият, амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди мамлакат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ мебошад (моддаи 64).
Дар сатҳи Конститутсия, мо халқи Тоҷикистон худро қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кардем, дар доираи фаъолияти байналмилалии худ риояи усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳониро ба уҳда гирифтем ва онҳоро то имрӯз тавассути сиёсати давлатӣ пайгирона татбиқ менамоем.
Пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии давлат дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо имконият дод, ки ҳамқадами ҷараёни тағйироти амиқи бозсозиҳои ҷаҳонӣ бошем ва сиёсати фаъоли давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона васеъ гардонем.
Дар асоси муқаррароти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии санадҳои зиёди байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт иҷро мекунад ва ҳисоботи худро ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам пешниҳод менамояд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлолияти миллии мо халал ворид кунанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии мамлакат аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.
Воқеияти бебаҳс аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тоҷикистони азиз ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватани азизамон сарчашма мегирад. Пайваста ба ин, Пешвои миллат борҳо таъкид месозанд, ки «вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро (Конститутсия) тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».
Моро зарур аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи қарзи муқаддаси фарзандии худ дар назди халқу давлати азизамон барои амалишавии ҳадафҳоямон ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва арзишҳои Конститутсияи мамлакат талош намоем.
Тахмина ХОЛЗОДА,
мудири Бахши Сабти асноди
ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






