Тӯфони нави тропикии «Надин» ба Амрикои Марказӣ наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар баҳри Кариб тӯфони тропикии «Надин» ба вуҷуд омад, ки ба соҳили Белиз фурӯ мерезад. Бар асари он дар ин минтақа, аз ҷумла дар нимҷазираи Юкатани Мексика боронҳои шадид меборанд, хабар медиҳад АЗЕРТАҶ бо истинод ба агентии Bloomberg.
«То ин муддат суръати баландтарини шамоли тӯфон тақрибан ба 64 километр дар як соат расидааст. Тӯфон ба самти ғарб бо суръати тақрибан 12 километр дар як соат ҳаракат мекунад»,-иттилоъ доданд дар Маркази миллии ИМА оид ба мушоҳидаи тӯфонҳо. Дар минтақаҳои байни Белиз ва сарҳади давлатӣ бо Мексика аллакай ҳушдори омадани тӯфон дода шудааст. Он дар худи Мексика низ амал мекунад. Тасмим гирифта шуд, ки он аз шаҳри Тулум то сарҳади Белиз ҷорӣ карда шавад.
Шаби 10 октябр тӯфони Милтон ба соҳили Флорида расид. Маркази он дар хушкӣ, дар наздикии шаҳри Сиеста-Ки, воқеъ дар ҳавзаи Сарасота дар соҳили ғарбии иёлот ҷойгир будааст. Ба иттилои расонаҳо, бар асари тӯфон 16 нафар ҳалокат шудаанд. Дар ҷараёни тахлия зиёда аз 5 миллион нафар иёлатро тарк карданд. Бар асари тӯфон дар Флорида беш аз 3 миллион нафар бе барқ мондаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






