ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, чоршанбе, 290-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 16, 2024 08:00

16 октябри соли 2013 масоили вақт ва дурнамои  рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид.

***

11 сол қабл, 16 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи саноатии «Суғд Пак» ба кор дароварда шуд.

***

16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

***

16 октябри соли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии «United World» мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон посух доданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2014 дар Остона Конфронси илмӣ-амалии байналмилалии «Амнияти иттилоотӣ дар дурнамои стратегияи «Қазоқистон -2050» баргузор гардид.

***

16 октябри соли 2017 дар «Кохи Сомон» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.

***

16 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

16 октябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бостоншиносон дар шаҳраки Санҷаршоҳ зиёда аз 14 пораи деворнигораҳоро пайдо намудаанд.

16 ОКТЯБР:

Дар Тоҷикистон -Рӯзи кинои тоҷик.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии нон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии анестизиологҳо.

Октябрь 16, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, ҷумъа, 254-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, панҷшанбе, 253-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, чоршанбе, 252-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, сешанбе, 251-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, душанбе, 250-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, якшанбе, 249-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст