ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, сешанбе, 282-юмин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 8, 2024 08:00

8 октябри соли 2012 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе китоби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Султони заҳмат» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад.

***

8 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи «Авесто Арена» ба истифода дода шуд.

***

8 октябри соли 2014 дар Душанбе фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» баргузор гардид.

***

8 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номаи табрикии худро ба хотири роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу ирсол намуд.

***

8 октябри соли 2019 дар Москва ҷаласаи мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

***

8 октябри соли 2021 зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд.

***

8 октябри соли 2021 дар Душанбе Намоиш-озмуни байналмилалӣ ва Форуми меъморони Тоҷикистон оғоз гардид.

***

8 октябри соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 72-юми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии якчанд мактаби миёна, марҳилаи 5» баргузор гардид.

8 ОКТЯБР:

Дар Арманистон Рӯзи танкистон.

 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Давлаталӣ Убайдуллоев- соли 1954— ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011).

 

Октябрь 8, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, душанбе, 281-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст