Табибони нефрологи тоҷик ба даври омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд

Октябрь 22, 2024 16:52

ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 октябр барои мутахассисони нефрологияи калонсолон ва кӯдакони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ва Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» даври омӯзишӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Даври омӯзиши бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани нефрологҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуда, дар он ба табибон роҳу усулҳои нави ташхису табобати бемориҳои нефрология  омӯзонида мешаванд.

Нефролог табибе аст, ки дар табобати бемориҳои гурда тахассус дорад. Нефрологҳо донандаи бемориҳое мебошанд, ки ба гурда таъсир мерасонанд. Онҳо инчунин дар бораи он, ки чӣ гуна бемории гурда ё халалдор шудани кори гурдаҳо метавонад ба дигар узвҳои бадани инсон таъсир расонад, маълумоти кофӣ дошта, беморонро табобат менамоянд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2024 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид