«ТАНҲО ТУ». Нахустнамоиши ин филм имрӯз дар кинотеатри «Ватан» баргузор мегардад

Октябрь 30, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 октябр, соати 17:30 дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми ҳунарии «Танҳо ту» доир мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Филми «Танҳо ту» бо коргардонии Умедшо Мирзоширинов рӯйи навор омада, дар жанри драмаи оилавӣ таҳия гардидааст.

Филм масоили иҷтимоӣ ва ишқу покизагиро тараннум намуда, манзараҳои дилфиреби Тоҷикистонро дар пардаи синамо ҷилвагар менамояд.

Дар филм ҳунарпешаҳои касбию соҳибтаҷриба нақш офаридаанд.

Дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон», ки соли равон бо иштироки доираи васеи синамогарони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба филми «Танҳо ту» ҷоизаи «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин дизайн» ва «Беҳтарин наворбардор» дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 филмҳои ҳунарии пурра, кӯтоҳ ва мустанад, аз ҷумла «Зиндагӣ зебост», «Танҳо ту», «Виҷдон», «Туман», «Моҳии тиллоӣ», «Осори фаронсавӣ», «Ҷашни Сада», «Баҳори Душанбе», «Ширин», «Қасри тақдирсоз», «Чакомаи чака» ва «Дар талоши ҳақиқат» ба навор гирифта шуданд, ки далели пешрафти кори синамогарони ҷавони тоҷик мебошанд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

 

Октябрь 30, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад