ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?
ДУШАНБЕ, 28.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 7 ноябр хонандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон аз 1 то 7 ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола таътили тирамоҳии хонандагон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 10 рӯз, яъне аз 1 то 10 ноябр идома мекард. Имсол ба вақту соати таътил тағйирот ворид гардида, он 7 рӯз муқаррар гардид.
Давоми 7 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.
Дар ин муддат даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола зимни таътили зимистона гузаронида мешавад. Он аз моҳи ноябр байни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Давоми сол сатҳу сифати дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шуроҳои омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар мешавад:
таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 то 7 ноябр)
таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 то 7 январ)
таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)
таътили тобистона, ки пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад.
Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад. Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф доир мешавад.
Вазорат ҳамаи падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили зимистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ бояд шаванд.
Дар робита ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, бахусус духтарон ва соҳибкасб намудани онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 иброз доштанд, ки «падару модар то нафаси охирин заҳмати фарзандашро мекашад, ба шавҳар дода, дар фикри фарзанди онҳо мешавад. Агар фарзанд таълиму тарбияи хуб гирифта бошад, пас саводу дониши баланд дорад, касбу ҳунар дорад ва ба падару модари худ нигаҳбон мешавад. Падару модарон набояд дар ҳаққи фарзандону наберагони худ зомин шаванд, пеши роҳи хондани онҳоро гиранд, балки бояд ояндаи онҳоро андеша намуда, барои таълими онҳо шароит муҳайё созанд».
Бояд гуфт, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, воситаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ва фазое аст, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд намудаанд. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.
Аз ин хотир падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд.
Имрӯз насли ҷавонеро бояд тарбия намуд, ки дар ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал намуда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






