«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Таҳти чунин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид

Октябрь 17, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ иттилоъ доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иброз намуд, ки «соли 2024 дар ҳаёти иҷтимоии мо соли сиёсӣ ва ҳуқуқӣ гардида, барои аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли таърихӣ ва муаррифии дастовардҳо мебошад. Фаъолияти самарабахши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти таҳаввулот ва навсозии ҷомеа давоми сӣ сол хеле тақвияту густариш ёфт».

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаю сабақҳои таърихӣ ва бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ бобати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд дар солҳои оянда низ тамоми қудрату неруро ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба давлати транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати мамлакат равона месозад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

 

 

 

Октябрь 17, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад