Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Стратегияи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Копенгагени Дания сессияи 74-уми Шурои минтақавӣ оид ба ҳамкории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир гардид, ки дар доираи он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Стратегияи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баимзорасонии Стратегияи ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на танҳо табодули таҷриба, балки ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустиро низ ба даст орад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин сессия суханронӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мақолаи Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҷаллаи бонуфузи «BioMed Central» оид ба натиҷаҳои таҳлили бозори меҳнат дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон нашр гардидаст. Ин маҷалла дар Британия ҷойгир буда, дар он мақолаҳои олимони ҷаҳон нашр мегарданд.
Ҳамчунин дар доираи сессия Директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.
Зимни он иброз шуд, ки нашри мавод дар маҷаллаи бонуфузи «BioMed Central» имконоти соҳаи тибби Тоҷикистонро барои ворид кардани равишҳои нави илмӣ ва амалияи тандурустӣ тасдиқ мекунад. Ин қадами зарурӣ барои таъмини рушди устувор ва беҳбуди саломатии аҳолӣ мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






