Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар Ҷопон Федератсияи гӯштингирӣ таъсис диҳад
ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар Ҷопон Федератсияи гӯштингирӣ таъсис диҳад. Ин пешниҳод зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики манзур гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои баргузории Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Ҷопон дар Душанбе ва Токио ибрози назар намуданд.
Инчунин доир ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстии ҷавонони ҳарду давлат ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманд дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш табодули афкор доир гардид.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба рушду густариши муносибатҳо бо Ҷопон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар самти ҳамкории мутақобили судманди ҷавонони ҳарду давлат ва рушди варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
«Мо аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ мекунем. Барои тақвият ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар заминаҳои гуногуни рушди қобилияти зеҳниву сиёсӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистон ва Ҷопон, ки имконоти фаровони истифоданашуда ҳанӯз бисёранд, ҳамкории сифатан нав ба роҳ мемонем»,- иброз дошт раиси кумита.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






