«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Таҳти ин унвон дар Шаҳринав ҳамоиш оид ба тарғиби либоси миллӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.10. 2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикона мепӯшем!»- таҳти чунин унвон дар ноҳияи Шаҳринав бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Тарғиби либосҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба мероси ниёгон дар самти рияои фарҳанги либоспӯшӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш буд. Зеро либоси миллӣ ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб шуда, бозгӯи завқи баланди зебоипарасти мардуми тоҷик аст.
Бояд гуфт, ки симои зан-модари тоҷик ҳамеша бо либоси миллӣ, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки занону духтарони тоҷикро либоси миллӣ зебанда аст ва бояд аз фарҳанги бегонагон, ки хоси миллати мо нест, дурӣ ҷӯем. Либоси миллӣ таҷассумгари руҳу равон ва фарҳанги пурғановати ҳар миллат, хусусан тоҷикон мебошад.Аз ин рӯ, духтарону занони тоҷикро мебояд ба либоси миллӣ арҷ гузоранд, зеро либоси миллӣ ҷузъе аз фарҳанги миллӣ аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






