Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ иштирок намуд

Октябрь 10, 2024 17:22

ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи сеюми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи нуҳуми Алянси авруосиёии омбудсменҳо баргузор шуд, ки дар он  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба таври маҷозӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.

Умед Бобозода зимни баргузории ҷаласаи Алянси авруосиёии омбудсменҳо дар мавзуи «Амалияи фаъолияти Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили рӯзмарраи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонии ҷомеа» маъруза намуд.

Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ ба муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 10, 2024 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад