Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2024 иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 09.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Абузабӣ-2024 иштирок мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Мусобиқа аз 11 то 13 октябр бо иштироки 236 ҷудочӣ (163 мард, 73 зан) аз 33 давлати ҷаҳон баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи Гранд Слами Абузабӣ аз Тоҷикистон аз байни мардҳо 6 ҷудочӣ: Обид Ҷебов (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода, (-73кг), Абубакр Шеров (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Умедҷон Раҷабов (-90кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг) иштирок менамоянд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






