Вобаста ба ҳамбастагии илм бо истеҳсолот дар партави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзуи «Самаранокии ҳамбастагии илм бо истеҳслот дар партави саноатикунонии босуръати мамлакат» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб меравад. Рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид гузошта, нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Дар фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад.
Иштирокчиён дар мавзуи «Рушди саноати хӯрокворӣ дар таҳкими саноатикунонии босуръати мамлакат», «Саҳми корхонаи дӯзандагии «Сифат-Саноат»-и шаҳри Душанбе дар саноатикунонии давлат» ва «Нақши стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар рушди инноватсияи мамлакат» маъруза намуданд.
Натиҷаҳои бадастомадаи конференсия дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар ин самт кумаки амалӣ мерасонанд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






