«ВОЛОНТЁРИ СОЛ-2024». Бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Душанбе озмун баргузор мегардад

Октябрь 19, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» ва бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ дар пойтахт Озмуни шаҳрии «Волонтёри сол-2024» баргузор мегардад. Муҳлати охирини номнавис то 20 ноябри соли 2024 муқаррар карда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба фаъолияти иштирокчиёни озмун дар доираи дастгирии иҷтимоӣ, иштирок дар корҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист, саҳмгузорӣ дар солимии ҷомеа ва соҳаи тандурустӣ баҳо гузошта мешавад.

Инчунин фаъолияти волонтёрон аз рӯи саҳми онҳо дар рушди сайёҳӣ, мусоидат ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муайян карда мешавад. Иштирокчиёни озмун бояд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ низ нақш гузоранд.

Шахсони алоҳида ва ташкилоту муассисаҳо метавонанд номзадҳои арзандаро барои иштирок дар озмун ба унвони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

Ба фаъолияти ҳар довталаб аз рӯйи корҳои анҷомдода бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, расм ва наворҳои видеоии тасдиқкунанда баҳо гузошта мешавад.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» амалӣ мегардад.

Ҳадафи асосии барнома — васеъ намудани имконияти ташаккули шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохторӣ барои иштироки ташкилоти волонтёрӣ ва волонтёрон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, инчунин эътирофи фаъолияти волонтёрӣ аз ҷониби ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Вазифаҳои барнома- фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки мустақилона ва фаъолонаи инсон дар ҳаёти ҷомеа, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои рушди фаъолияти волонтёрӣ, ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти волонтёрӣ ва дастгирии онҳо, муттаҳид намудани шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда, андешидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии волонтёрон ва ташкилоти волонтёрӣ мебошад.

Мактаби волонтёрӣ ба ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо барои анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад.

Президенти Тоҷикистон мувофиқи мақсад донистаанд, ки ин самти фаъолият боз ҳам тақвият дода шуда, дар навбати аввал ҷавонон бо истифода аз тарзу воситаҳои волонтёрӣ ба ободу зебо гардонидани Ватан, ҳифзи муҳити зист, дастгириву кумак ба ятимону маъюбон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони ниёзманд ҷалб  карда шаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 19, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд