ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади идона доир шуд

Октябрь 4, 2024 14:23

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пайравӣ ба Пешвои миллат ҳар фарди меҳандӯстро зарур аст, ки дар амри рушду такомули забони давлатӣ саҳм гузорад. Чунин гуфта шуд дар ҷамъомади бошукуҳи идона, ки ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода гуфт, ки «Рӯзи забони давлатӣ рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллӣ ва омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад».

Зимни ҳамоиш аз ифтихор ва таваҷҷуҳи хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони давлатӣ, масъалаи омӯзиши забону адабиёт, таъриху фарҳанги миллӣ ва устувор кардани мавқеи забони тоҷикӣ дар коргузориву таҳияи ҳуҷҷатҳо сухан гуфта шуд.

Таъкид гардид, ки нақши Сарвари давлат дар таҳкими истиқлолияти фарҳангии мамлакат, хосса баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ бузург аст.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, далели бостонӣ будани забон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошад. Забони тоҷикӣ бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар масири чандҳазорсола ҳамқадами замон ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии давраҳои гуногуни таърихӣ будааст. Имрӯз баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ имкон пайдо шуд, ки ба масъалаи гиромидошти воқеии забон, таъмини мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он аҳаммияти махсус дода шавад. Ва ҳоло ин масъала яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро забон шиносномаи давлат ва яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.

Барои ҳар инсон донистани забони давлатӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошад. Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати Пешвои миллат забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи баланд дошта, ҳамчун забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад.

Моро мебояд, ки ҳамеша дар пайи ташаккул, покизагӣ ва риояи меъёрҳои забони модариамон бошем. Тавре Сарвари давлат изҳор доштаанд: «Соҳиб ва пуштибони аслии забони тоҷикӣ танҳо миллати тоҷик аст».

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 4, 2024 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид