ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Қариб 500 техникаи роҳнигоҳдорӣ ба мавсими сармо омода аст
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо мақсади омода намудани сохторҳои марбута ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 тадбирҳои зарурӣ андешидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Тибқи хабари манбаъ, ба ҳолати 10 октябри соли равон 34131,5 метри мукааб маводи зиддилағзиш, 153170 литр сӯзишвории дизелӣ, 215,5 тонна ангишт ва 423,8 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст.
Инчунин 528 техникаи роҳнигоҳдорӣ -мошинҳои якҷояи роҳдорӣ, автогрейдерҳо, мошинҳои барфтозакунӣ, булдозерҳо, тракторҳо ва 473 адад дигар техникаҳо ба давраи зимистон пурра омода карда шудаанд, ки ин 89,6% — и нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 55 техника дар ҳолати таъмир ва муҷаҳҳазгардонӣ қарор дорад.
Бо мақсади таъмини ҳаракати муттасил ва бемонеаи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ва иҷрои бандҳои дахлдори Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» Нақшаи чорабиниҳои вазорат оид ба сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёт ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 тасдиқ гардида, ситоди фаврӣ таъсис дода шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






