30 соли мавҷудият ва 30 нақши Конститутсия дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ

Ноябрь 6, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 06.11.2024. /АМИТ «ХОВАР»/. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки он аз санади барои миллати тоҷик хеле муҳим- Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма мегирад. Дар мақолаи номзадони илми ҳуқуқшиносӣ, устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирализода ва Муҳаммад Раҳмонзода, ки ба 30 соли мавҷудияти Конститутсияи Тоҷикистон бахшида шудааст, 30 нақши ин санади сарнавиштсоз дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ инъикос гардидааст, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

1. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва президентӣ. Маҳз ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллату давлат дар моддаи 1-ум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва президентӣ муайян намуд. Ин боис гардид, ки давоми таърих миллати тоҷик ба ҳама орзуву омоли чандинасраи худ дастёб гардида, ба истиқлолияти комили сиёсӣ шарафёб шавад.

2. Забони давлатӣ. Яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар шароити муосир доштани забон аст. Бинобар ин муҳимияти хос дар моддаи 2 Конститутсия мавқеи забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ҳамчун забони тамаддуни башарӣ дар масири таърих мустаҳкам гардид. Барои тақвият ва амалишавии ин меъёри конститутсионӣ бо ташаббуси Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 қабул гардид. Аз мазмуни моддаи 1 қонун бармеояд, ки он истифодаи забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ ба танзим медарорад.

3. Рамзҳои давлатӣ, ки ифодагари арзишҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун рукни давлатдорӣ маҳсуб мешаванд, дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд. Мутобиқи он Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба сифати рамзҳои давлатӣ эътироф мегарданд. Тартиби корбурд ва истифодаи рамзҳои давлатӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” аз 12 майи соли 2007 танзим карда мешавад. Зеро рамзҳои давлатӣ муқаддас ба ҳисоб рафта, дар сурати беҷо истифода бурдан ва ё беэҳтиромӣ зоҳир кардан нисбат ба онҳо ҷавобгарӣ ба миён меоранд. Чунки онҳо ифтихор, марзи номус ва шарафи ҳар соҳибватан мебошанд.

4. Инъикоси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Муқаррар намудани меъёрҳо вобаста ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои табиии инсон бори аввал дар Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ҳувайдо гардида, яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд эътироф гардида, риоя ва ҳифзи онҳо вазифаи асосии давлат дониста шудааст. Инсон маҳаки ҳастии ҷамъият аст ва тамоми шароиту имконият бояд ба хотири ӯ ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ бошанд. Бинобар ин, як боби алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала бахшида шудааст. Ин ҳам аз сиёсати инсонмеҳварии Пешвои миллат бармеояд. Дар ҷодаи амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардида, ниҳодҳои давлатӣ таъсис ёфта, пайи иҷрои фаъолияти хизматии худ дар самти амалишавии ин ҳуқуқҳо мебошанд.

5. Кафолати соҳибихтиёрии халқ. Маҳз дар моддаи 6 Конститутсия муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Аз мазмуни ин модда бар меояд, ки ягона сарчашма ва амалисозандаи ҳокимият халқ маҳсуб меёбад, ки ин нишон аз ҷомеаи демократӣ будани Тоҷикистон аст. Халқ бевосита Президент ва вакилони худро интихоб намуда, ба ин восита дар идоракунии давлатӣ иштирок менамоянд.

6.Дахлнопазирии сарҳади давлатӣ. Дар шароити басе душвори ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳдидҳои бевосита ва бавосита аз ҷониби ташкилоту созмонҳои экстремистию террористӣ, паҳншавии ҷанбаҳои манфии ҷаҳонишавӣ, мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дигар омилҳои таҳдидкунанда зарурат пеш меояд, ки дар мадди аввал сарҳади давлатӣ аз чунин хатарҳо эмин нигоҳ дошта шавад. Ҳифзи сарҳади давлатӣ на танҳо вазифаи давлат ва мақомоти давлатӣ аст, балки уҳдадории ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос маҳсуб мешавад, ки ин муқаррарот дар моддаи 43 Конститутсия пешбинӣ мегардад.

7. Гуногунандешӣ. Яке аз аломатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳар давлати мутамаддин мавҷудият ва эътирофи гуногунандешӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи Тоҷикистонро ҳамчун ҷузъи ҷомеаи имрӯзаи башарӣ бе мавҷудияти гуногунандешӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро замоне, ки мо ба сар мебарем, дар ҳоли рушду ивазшавию тағйирпазирӣ қарор дорад, дигар меъёрҳои шахшудаи гузашта имконияти танзими онҳоро надорад. Бинобар ин, Конститутсия чунин имконияту шароитро ба шаҳрвандон фароҳам овардааст. Вобаста ба ин, дар моддаи 8 Конститутсия пешбинӣ мешавад, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

8. Таҷзияи ҳокимият. Яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти таҷзияи ҳокимият маҳсуб мешавад. Шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷроия ва суд дар амалигардонии мақсаду вазифаҳои давлат нақшгузор буда, мустақилона амал намуда, имконият фароҳам меоранд, ки принсипи мувозинату боздорӣ таъмин гардида, ҷомеа ба сӯйи пеш қадам занад.

9. Волоияти қонун. Ин принсипи дар моддаи 10 Конститутсия муқаррар гардида, дар асоси он давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Ҳамчунин дар моддаи 17 принсипи баробарии ҳама дар назди қонун ва суд муқаррар гардидааст. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

10. Сиёсати сулҳҷӯёна. Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ аст ва меъёрҳои он муқаррарот оид ба сиёсати сулҳҷӯёна доштани давлати моро пешбинӣ менамоянд. Давлат, мардум ва миллати мо ҳамеша талош бар он намудаанд, ки сиёсатеро пеша намоянд, ки дар он ҷо сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ҳукмфармо бошад. Воқеан, амалигардонии ин меъёри конститутсиониро дар фаъолияти инсондӯстонаи Пешвои миллат мушоҳида кардан мумкин аст.

11. Гуногуншаклии моликият. Гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба иқтисоди бозаргонӣ зарурат пеш овард, ки дар мамлакат мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият кафолат дода шавад. Зеро дар шароити нав мавҷудияти танҳо моликияти ҷамъиятӣ қонеъкунанда дониста намешуд. Бинобар ин, моддаи 12 Конститутсия муқаррар намуд, ки давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликият: давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ арзи ҳастӣ доранд.

12. Моликияти истисноии давлат. Дар моддаи 13 Конститутсия пешбинӣ мегардад, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Воқеан, муқаррар гардидани чунин меъёрҳо дар Конститутсия аз он дарак медиҳад, ки давлат ба хотири таъмини баробарӣ ва истифодаи оқилонаи ин неъматҳо саҳмгузор аст. Зеро дар сурати пешбинӣ нагардидани чунин муқараррот имконияти истифодаи ғайримақсадноки чунин неъматҳои табиӣ ба миён омада, баробарии шаҳрвандон маҳдуд мегардад.

13.Пешбинӣ гардидани падидаи президентӣ. Таҷрибаи таърихӣ исбот намуд,  ки мардуми мо ҳангоми қабули Конститутсия роҳи дурусти давлатдориро интихоб намуданд. Зеро тамоми комёбию муваффақияти миллату давлат маҳз аз ҳамин меъёрҳо сарчашма мегиранд. Зеро дар асоси моддаи 64 Конститутсия, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

14. Бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми интихобот ва раъйпурсиро дар худ инъикос намуд. Ин мафҳумҳое мебошанд, ки дар амалишавии ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандони мамлакат нақш гузошта, ба ин васила шаҳрвандони мамлакат Президент ва вакилони худро интихоб ва Конститутсияро қабул намуданд.

15. Иштироки озоди халқ дар сиёсат ва идораи давлатӣ. Ба ин восита шаҳрвандон озодона дар асоси принсипи баробарӣ метавонанд, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

16. Таъсис ва фаъолияти мақомоти давлатӣ. Дар Конститусия таъсис ва фаъолияти ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ пешбинӣ гардидааст. Аз қабили ниҳоди президентӣ, парламент, суд, прокуратура, ҳокмияти маҳаллӣ ва ғайра, ки барои амалисозии мақсаду маромҳои давлати навини Тоҷикистон саҳм гузоранд.

17. Муқовимат ба ҷинояткорӣ. Аз меъёрҳои Конститутсия бар меояд, ки дар онҳо муқаррарот оид ба пешгирӣ ва манъи ҷинояткорӣ асоси фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешаванд. Аз ҷумла, дар моддаи 8 муқаррар гардидааст, ки таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои базӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Фаъолияти чунин ташкилоту созмонҳо бар хилофи мақсаду мароми давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистон аст. Ба ҳеҷ ташкилот ва созмоне, ки фаъолияти ғайриқонунӣ дорад, дар мамлакат ҷой нест.

18. Кафили амалишавии адолати судӣ. Ба амал баровардани адолати судӣ амали саҳлу осон нест. Барои дар амал татбиқ намудани он суди босалоҳият, беғараз ва мустақил лозим аст. Зеро дар сурати ҷазои сахтар додан давлат чун механизми ҷазодиҳанда муаррифӣ шуда, дар сурати ҷазои сабук додан дар ботини шаҳрвандон эҳсоси беҷазоӣ пайдо шуда, содиршавии кирдорҳои ғайриқонунӣ дар ҷомеа зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, боби 8 Конститутсия ба ин ниҳоди муҳимми давлатдорӣ бахшида шудааст, ки тавонад адолати судиро дар ҷомеа таъсис намояд.

19. Конститутсия заминаи тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигар ба ҳисоб меравад. Зеро он қонуни олӣ маҳсуб ёфта, дар сурати мухолифат бо он дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ беэътибор дониста мешавад.20.Заминаи ҳуқуқӣ барои созиш ва ваҳдати миллӣ. Дар доираи қонун зиндагӣ кардан ҳамеша инсонҳоро ба сулҳу осоиштагӣ роҳнамо месозад. Ба ҳамин хотир, баъди қабул гардидани Конститутсия ҷомеаи мамлакат дарк кард, ки ғуломи қонун будан онҳоро ба сӯйи қуллаи мурод, яъне тинҷию амонӣ раҳсипор месозад. Ҳамин буд, ки халқи мо ба ваҳдуту ягонагӣ ноил гардид.

20. Ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва омезиши фарҳангҳо ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва нигоҳдошти фарҳанги миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванд аст, ки аз Конститутсия сарчашма мегирад, яъне ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар шахс мебошад.

21. Парлумони касбӣ. Мавҷудияти низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ барои ҳар давлати ҳуқуқбунёд зарур ва муҳим аст. Барои амалисозии ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия парламенти касбӣ таъсис дода шуд, ки ба қабул ва баланд гардидани сифати қонунҳо дар ҷумҳурӣ, ки танзимгари асосии муносибатҳои ҷамъияти маҳсуб мешаванд, мусоидат менамояд.

22. Ҷомеаи шаҳрвандӣ. Давлатҳое, ки худро демократӣ эълон намудаанд, дар он ҷомеаи шаҳрвандӣ арзи ҳастӣ дорад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин ҷомеа эътироф мегардад, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон аст ва ҳуқуқу озодиҳои табиии шахс эътироф мегарданд. Маҳз бо қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ буд ёд гардид.

23. Эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ. Дар дебочаи Конститутсия пешбинӣ мегардад, ки МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мебошем. Аз ин лиҳоз, дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ метавонем, ки ташаббусҳои беназир пешниҳод созем. Маҳз бо истифода аз ин ҳуқуқ, аз ҷониби Тоҷикистон бо саҳми Пешвои миллат ташаббусҳои созанда, ки дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон тақдирсоз мебошанд, пешниҳод гардидаанд. Дар ҳамин замина, дар Конститутсия пешбинӣ мегардад, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Ин далели дигари он аст, ки Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи башарӣ маҳсуб шуда, ба хотири ҳифзи амнияту субот ва қонунияту адолат дар ҷаҳон талош меварзад.

24. Таҳкими давлати иҷтимоӣ. Вобаста ба мавҷудияти давлати иҷтимоӣ Конститутсия дар моддаи 1 муқаррарот пешбинӣ намудааст, ки тибқи он Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам меорад.

25. Тағйирнопазирии меъёрҳо. Яке аз махсусияте, ки дар моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, нақш ва устувории онро давоми фаъолияти чандинсола боз ҳам устувортар мегардонад. Зеро тибқи меъёрҳои ин модда шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. Ин ба он мазмун аст, ки дар ягон шароит ва вазъият ин хусусият дар Тоҷикистон мавриди тағйирот қарор намегиранд. Зеро онҳо ифодагари ормонияти миллӣ маҳсуб ёфта, барои ояндаи дурахшони мамлакат хизмат мекунанд.

26. Дар худ инъикос кардани ислоҳоти конститутсионӣ. Албатта, Конститутсия санади шахшуда ва ё догма нест. Вобаста ба пешрафти ҷомеа бояд тағйирпазир бошад. Конститутсия бояд мувофиқ ба талаботи замон ва манфиатҳои мардум ба тағйирот рӯ ба рӯ гардад, аммо бояд устувор монад. Зеро зуд-зуд ворид кардани тағйиру иловаҳо ба он метавонад боиси коста гардидани устувории он гардад. Бинобар ин, давоми 30 соли мавҷудияти он 3 маротиба ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд. Ин аз он дарак медиҳад, ки устувории Конститутсия дар мамлакат таъмин гардидааст, зеро  давоми 30 сол талаботи ҷомеа чунин тағйиротро тақозо менамояд.

27. Таҳкими фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва принсипи волоияту тобеият. Маҳз ин принсип имконият медиҳад, ки сохторҳои ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, ниҳодҳои поёнӣ ба сохторҳои болоӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда бошанд, ки ин хоси давлати ягона аст. Ба ин роҳ, идоракунӣ дуруст ба роҳ монда шуда, назму тартибот дар ниҳодҳои давлатӣ ба танзим дароварда мешаванд.

28. Дар худ инъикос намудани меъёрҳо вобаста ба вазъи ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки хоси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба хотири саҳми арзанда, хизматҳои шоиста, талошҳои хастанопазир, ташаббусҳои созанда, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ва ҳифзи давлатдорӣ дар шароити басе мураккаби ҷомеаи башарӣ вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии Пешвои миллат дар моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.

29. Конститутсия дар ин 30 соли мавҷудияти худ тавонист, ки заминаи ҳуқуқии суботу оромӣ, сулҳу осоиштагӣ, пешрафти ҷомеа, иқтисоди миллӣ ва маррифии давлат дар сатҳи байналмилалӣ гардад.

Ин аст 30 нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли мавҷудияти он барои давлату миллати тоҷик, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар шароити ниҳоят мураккаби ҷомеаи Тоҷикистон қабул гардид. Ин аст сиёсати хирадмандона, дурандешона, инсондӯстона ва ояндабинонаи Сарвари давлат барои ин давлату миллат. Ин аст хирадсолорӣ ва ҷонфидоии Пешвои миллат.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 6, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ