Намояндагони Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод дар ИДМ соҳиби ҷоизаи «Лидер СНГ» шуданд

Ноябрь 13, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 13.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ду намояндаи Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод ва татбиқи технологияҳои муосир дар Иттиҳои Давлатҳои Мустақил бо ҷоизаи байналмилалии «Лидер СНГ» сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, директори тарабхонаи  «Бухоро» дар шаҳри Душанбе  Самандар Суннатзода ва директори генералии ширкати мобилии «Tcell» Озодхон Давлатшоев сазовори ҷоизаи байналмилалии «Лидер СНГ» гардиданд.

Ин нишони сарисинагӣ ва ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод ва татбиқи технологияҳои муосир дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пешниҳоди маҳсулоти беҳтарин ва босифат, хизматрасонии муосир, инчунин малакаи баланди роҳбарӣ ба мудирони ширкатҳои бонуфузи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим мегардад.

Ба ду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаҳо дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардиданд. Дар фазои соҳибкории мамлакат ин ширкатҳо аллакай дар сатҳи баланд муаррифӣ шуда, имрӯз таваҷҷуҳи шумораи бештари шаҳрвандони дохилу хориҷи ҷумҳурӣ, махсусан сайёҳонро ҷалб кардаанд.

Тарабхонаи «Бухоро» яке аз 5 беҳтарин муассисаи хизматрасонии тарабхонаҳо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.

Ба иттилои масъулини Комиссияи ҷоизаи «Лидер СНГ», тарабхонаи «Бухоро» чанд маротиба дар озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ амалӣ шудааст, сазовори ҷойи аввал ва унвони «Беҳтарин тарабхона» гардидааст. Тарабхона инчунин дар номинатсияи «Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона» низ ғолиб дониста шудааст.

Ширкати Тcell яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон буда, дар рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  нақши назаррас дорад. Ширкат нақша дорад, ки бо пешниҳоди хизмати пешрафтаи иртиботӣ ва ҳалли инноватсионӣ боз ҳам бештар навовару пешоҳанг бошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки  ширкат ҳамарӯза шабакаашро тақвият дода, технологияи муосирро амалӣ менамояд, фаъолияти иҷтимоӣ ва навоварона (иноватсионӣ)-ро марҳила ба марҳила беҳтар месозад. Ширкат инчунин дар чаҳорчӯби фаъолияти иҷтимоӣ ба бахши соҳибкорӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, дар пешрафти иқтисоди мамлакат саҳм мегузорад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 13, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид