«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид

Ноябрь 23, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/.  22 ноябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ- рисолати ҷавонмардӣ!» ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш сарбозоне, ки баъди хатми Донишгоҳи технологии Точикистон барои адои хизмати Ватан-Модар дар марҳилаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ҷалб гардиданд, иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Имрӯз аксари ҷавонони мамлакат ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ барои иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Ҷавонон имрӯз ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардонаи худ содиқ монда, дар хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.

Таъкид гардид, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо онро ба хубӣ дарк карда, дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд.

Ҳукумати мамлакат бобати рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни  хизмати ҳарбӣ зиёд мегардад. Аз ин рӯ ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон ҳамеша омода бошанд.

  АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад