АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таърих гувоҳ аст, ки сулҳу субот, зиндагии осоишта,  дастовард ва  рушди устувори  иқтисоди Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз  дар натиҷаи хизматҳои шоиставу бесобиқаи   шахсияти барҷастаи арсаи сиёсат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки  он неъмати бебаҳо барои   миллати тоҷик маҳсуб мешавад. Чунин изҳори назар намудааст доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон. Дар зер матни пурраи  мақолаи мазкур  пешниҳод мегардад.

— Барҳақ, падари илми иқтисод — Адам Смит се шарти пешрафту тараққиёти давлатро бо таври зайл баён кардааст: аввал, сулҳу суботи дохилу атрофи давлат, дуюм — сабурӣ дар идоракунии давлат ва ниҳоятан — андозбандии оқилона.

Ватансозиву ба вуҷуд овардани сарҷамъии миллат, амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ, бунёду пойдорсозии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, пайдокунӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати давлати миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, тадриҷан фароҳамсозии шароити мусоиди фаъолияту зиндагӣ ва истироҳати бофароғати мардум дар шароити вазнини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  барои як инсони заминӣ амали басо душвору  сангин ва метавон гуфт қаҳрамонӣ аст.

Агар ба таърихи халқҳои гуногун назар андозем, мебинем, ки як қаттор миллату халқҳое ҳастанд, ки сершуморанд, вале давлати миллӣ надоранд.

Пас, шукрона бояд кард. Мо вазифадорем ва қарзи имониву виҷдониамон аст, ки шукрони ин обу ҳаво, шукронаи ин марзу бум, шукронаи ҳар як каф хоки Ватан, шукри озодиву истиқлол, шукри ободиву пешрафт ва шукри тинҷиву амонии Тоҷикистонро бояд ба ҷо оварем. Тавре  борҳо Пешвои миллат таъкид менамоянд, мо бояд Ватанамонро на дар сухан, балки бо қалбамон сидқан дӯст дорем!

Дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон  мунтазам иброз мегардад, ки ҳадафи олии Давлату Ҳукумати мамлакат фароҳамсозии шароити арзанда ба ҳар шаҳрванд мебошад. Дар ин самт, Стратегияву барномаҳои миллӣ амалӣ гардида истода, сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат торафт баланд шуда истодааст.

Бояд изҳор намуд, ки Ватан-Модар барои ҳар як фарди бонангу ор мафҳуми муқаддастарин аст. Дар дилхоҳ вохӯрӣ бо  миллату халқиятҳои гуногун яке аз аввалин саволе, ки дода мешавад, “аз кадом давлат ҳастӣ?” мебошад. Дар посух ба ин  савол,    бо овардани номи Точикистон   ҳар як тоҷикистониро   эҳсоси ифтихору сарфарозӣ фаро мегирад.

Бо чашми сар мебинем, бо ақли солим дарк мекунему шоҳидем, ки маҳз дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Пешвои миллат дар баробари таъмини рушди иқтисодии давлати азизамон, беҳтарсозии тадриҷии шароити иҷтимоиву фароғатии мардум, робитаву муносибатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳамаи давлатҳои олам қавитар гардида, ҳамарӯза обруву нуфӯзи мамлакати мо боло ва миллати тоҷик сарбаландтар шуда истодааст.

Маҳз меҳанпарастиву инсондӯстии Пешвои миллат буд, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш ва меҳру шавқати бародарӣ дар ҷомеъа ба вуҷуд омад. Дар баробари ин, сабру таҳаммулпазирии Сарвари давлат буд, ки ҷонибҳои мухолиф ёру бародар гардида, дар пайи ободии Ватан камар бастанд.

Дар қатори дигар дастовардҳои қаҳрамононаи Президенти мамлакат  кушодани нақбҳои бузург дар ағбаҳои душворгузар ва тахту ҳамворсозии роҳҳои куҳӣ ва бунёди роҳҳои қаблан ғайриимкон ба тоҷикон имкон дод, ки Тоҷикистони се порча ба як давлати воҳид табдил дода шавад.

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ҳазор сол давлати миллии тоҷикон маҳз бо хиради азаливу ватандӯстии ин абармарди наҷиб — Пешвои мардумӣ аз нав эҳё ва рушди босуботу пойдор дорад.

Дар робита ба таззоду хавфҳои ҷаҳони муосир ҳар яки моро зарур аст, ки мавқеи устувори ахлоқиву рафторӣ, ҳисси баланди миллӣ ва мавқеи дурусти шаҳрвандиву ватандӯстӣ дошта бошем ва бо меҳнати созанда дар рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошем.

Алҳол вақти он расидааст, ки ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон бо кору амали худ барои ободиву пешрафти минбаъдаи он тамоми ҳастиашро равона намояд.

Бигзор давлати тоҷикон бо Сарварии Пешвои миллати худ ҳамеша ҷовидон ва абадӣ пойдор бошад!

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад