Ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт барномаҳои идона доир шуданд

Ноябрь 6, 2024 11:20

РАШТ, 06.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз бо шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, Тоҷикистон ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.

Дар ҳамоиши идона намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ҷамоат ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Зимни он ғолибони даври ноҳиявӣ ва минтақавии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» ва волидайни онҳо аз тарафи Раиси ноҳияи Рашт қадрдонӣ шуданд.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои сиёсӣ ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ доир гардиданд. Дар ин чорабиниҳо дастовардҳои хоҷагии халқи ҳар ҷамоат ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Ноябрь 6, 2024 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад