Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон гуфт, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зевари таърихномаи давлатдории навини миллат ва падидаи сарнавиштсози замони истиқлол маҳсуб мешавад. Ин рӯз барои ҳар шаҳрванди худогоҳу ватандӯст ва ҳар сокини озоду осудаи мамлакат ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад».
Иброз гардид, ки ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд намуданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд.
Бо мақсади ҳифзи якпорчагии давлат ва баромадан аз буҳрони баамаломадаи сиёсӣ дар он марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз, ки мамлакати мо, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ амалан бо мақсади тақвияти ҳокимияти иҷроия, афзудани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми татбиқи қонунҳо, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






