Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» хабар доданд, ваколатдори махсуси Вазорати корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврпои шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ Конрад фон Штрауссенбург бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ба рақмикунонии китобхона таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҷумахон Файзализода иброз намуд, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 350 000 китоб ба шакли электронӣ гардонида шудааст.
Дар вохӯрӣ ба Конрад фон Штрауссенбург китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих». «Аз Ориён то Сомониён» туҳфа гардид. Мавсуф иброз намуд, ки китоби мазкур ҳамчун ёдоварӣ дар Китобхонаи миллии Олмон гузошта мешавад.
Мавриди ёдоварист, ки вазифаи Институти Гёте густариши забон ва фарҳанги олмонӣ дар берун аз марзҳои ин давлат мебошад. Аз 157 маркази ин муассиса 12 адад дар дохил ва 145 маркази он дар хориҷ аз Олмон қарор дорад. Дар доираи фаъолияти педагогӣ ин ташкилоти бонуфуз инчунин барои давом додани омӯзиши забони олмонӣ маводи бешуморе барои донишомӯзон пешниҳод мекунад.
АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






