Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд, дар машварат роҳбарони сохторҳои дахлдори вилоятӣ, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони кумитаҳои идораи замин, сардорони раёсатҳои кишоварзӣ, омор, идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, директорони корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайринманқул» дар маҳал ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода нахуст роҷеъ ба иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18 ноябри соли равон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баён гардида буданд, ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки баргузории машварат низ амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тибқи дурнамои тасдиқшуда барои соли 2025, кишт намудани зироати кишоварзӣ, махсусан картошка ва пахта мебошад.
Зимни таҳлили вазъи соҳа, масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои зиёд намудани майдони заминҳои корам, мувофиқи мақсад ва самаранок истифода намудани заминҳо ва чораҷӯӣ барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо вазифадор гардиданд.
Дар баробари ин, масъулин муваззаф шуданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар якҷоягӣ бо гурӯҳи байниидоравӣ, ки таҳти роҳбарии муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, ба он сардорони раёсати кишоварзӣ, кумитаи идораи замин, омор ва раисони ҷамоатҳо шомил ҳастанд, бартараф созанд.
Ҳамчунин масъулини соҳаи кишоварзӣ вазифадор шуданд, ки иҷрои дурнамои сохтори кишти зироати кишоварзиро барои соли 2025 ба таври ҳатмӣ таъмин намоянд.
Сардорони раёсати кишоварзӣ, кумитаи идораи замин ва мақомоти омор вазифадор шуданд, ки дар якҷоягӣ ҳолати воқеии кишти зироатро мавриди омӯзиш қарор дода, ахборот манзур намоянд.
Дар охири машварат изҳори итминон гардид, ки масъулини соҳа ҷиҳати баратарф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар якҷоягӣ корбарӣ хоҳанд намуд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






