Дар Бонки миллӣ Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии мамлакат таҷлил гардид

Ноябрь 15, 2024 09:03

ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллӣ хабар медиҳад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни маъруза бо ишора ба моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» оид ба муҳиммият ва таҷлили санаҳои фархунда изҳор дошт, ки «ба хотири эҳтирому эътирофи сиёсати давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу субот, ваҳдати мардуми тоҷик ва болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин ҳама дар маҷмуъ, ба салоҳияту фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент қабул шудааст. Ва азбаски мақоми Президент ва шакли идораи президентӣ аз муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон бармеояд, бинобар ин, ин мақом дар баробари дигар рамзҳои давлатдорӣ аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб мешавад».

Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибихтиёрӣ боварии халқи Тоҷикистон нисбат ба шакли идораи президентӣ ва Президенти Тоҷикистон баръало мушоҳида шуда, мардум ба Пешвои худ ихлос, эҳтиром ва муҳимтар аз ҳама, эътимод пайдо намуданд.

Хизматҳои шоистаи Сарвари давлатро дар роҳи эҳёи давлати миллӣ ва саҳми бузургашонро дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ ба назар гирифта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сазовор дониста шуд.

Бо гузаштан ба шакли идораи президентӣ ва саъю кӯшиши Пешвои миллат мамлакат рӯ ба ободӣ овард. Чор ҳадафи муҳими стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат аз ташаббусҳои Сарвари давлат мебошанд.

Маҳз бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат Тоҷикистон соҳиби пули миллии сомонӣ гардид, ки ҳоло аз ҷиҳати қурб яке аз пулҳои устувори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи асосии пардохт мебошад. Дар маҷмуъ, ҳама дастовардҳои низоми бонкии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастгирӣ ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат алоқаманд мебошанд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2024 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1189 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0086 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст