Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид

Ноябрь 22, 2024 09:41

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчам-баёнгари ормонҳо ва пирӯзиҳои миллат» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат хабар доданд.

Ректори муассиса, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ доир ба нақши Парчами давлатӣ дар худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон, дар маҷмуъ, аҳли ҷомеа иброз дошт, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.

«Парчами давлатии мо имрӯз дар радифи парчамҳои дигар давлатҳо парафшонӣ мекунад, ки ҷойи ифтихору сарбаландии ҳар шаҳрванди ватандӯст мебошад. Парчам ягона рамзи сиёсӣ аст, ки аз қаҳрамонӣ ва мавҷудияти фарҳангу оини давлату миллат шаҳодат медиҳад. Тоҷикон аз давраҳои куҳан соҳиби парчаму нишони давлатӣ буданд», — иброз дошт декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии донишкада Зафари Шариф.

Гиромидошти рамзҳои давлатӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ аз наслҳои гузашта ба имрӯзиён мерос монда, ҳифз намудани он вазифаи ҳамагон аст.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Ноябрь 22, 2024 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст