Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд

Ноябрь 9, 2024 10:47

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни дидор ҷонибон оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода, инчунин имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2024 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард
Дар Бейрут дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуданд
Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид