Дар Душанбе густариши ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Ноябрь 13, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар бо мақсади густариш додани ҳамкории илмӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо доир ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби олимони ду давлат дар соҳаи илмҳои дақиқ, тиб ва биологӣ, пажуҳишҳои таҳқиқотӣ дар мавзеъҳои таърихӣ, машғулияти бозомӯзӣ барои олимону коршиносон ва муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Дар вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд, ки байни олимону коршиносони муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркия симпозиуми сатҳи байналмилалӣ гузаронида шавад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд